Нисфирӯзии 1-уми ноябр дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе пас аз борони пай дар пай қубури обгузар банд шуд ва об ба хонаи сокинон даромад. Қурбони Собир, ҳунарманди театру кино, ки дар ин маҳҳала зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “як дарё об буд ва ба ҳавлиҳои ҳамсоя даромад. Ҳама пои луч ба хонаҳо даромада ва дигар берун набаромаданд.”