Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 6-уми сентябр ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон рафт. Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон гуфт, президент "дар маросими ифтитоҳи корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент”, ки ба хотири истеҳсоли қубури оҳану бетонӣ сохта шудааст, иштирок кард".
Ба навиштаи дафтари матбуоти президент, ин коргоҳ "дар як шабонарӯз 72 метр қубури қутрашон аз 500 то 2000 миллиметрӣ истеҳсол мекунад”.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ифтитоҳи як мактаби замонавӣ ва коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ дар ноҳияи Ёвон иштирок кард.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳар сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар мекунад. Ҳадафи сафарҳои ӯ "шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум" гуфта мешавад.