Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Миҷгона Самадова барандаи медали биринҷии қаҳрамонии бокси Осиё шуд

Миҷгона Самадова, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Миҷгона Самадоваи 27-сола, ки дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 57 кило миёни занон бар намояндаи Муғулистон Номин-Эрдене Тугҷаргал бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада буд, дар нифинал бо Пунрави Руэнрос аз Тайланд рақобат кард. Руэнроси 28-сола дорандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон буда, дар қаҳрамонии Осиё ва Бозиҳои осиёӣ медали тило гирифтааст.

Дар ин нерӯсанҷӣ Миҷгона бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин дуюмин нишони Самадова дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мебошад.

Миҷгона Самадова имсол дар мусобиқаи касбии Созмони байнулмилалии бокс (IBA Pro 14) дар шаҳри Маскав бар намояндаи Русия Даря Абрамоваи 35-сола ғалаба кард. Муҳориба аз шаш раунд иборат буд ва дар ҷараёни он муштзани тоҷик маҳорати хуб нишон дода, бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Ин комёбӣ қадами муҳиме дар идомаи корномаи варзишии Миҷгона Самадова дар бокси ҳирфаӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, Миҷгона Самадова дар риштаи бокси ҳаваскорӣ дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба як қатор дастовардҳо мушарраф шудааст. Ӯ барандаи дукаратаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаҳои бокс ва кикбоксинг байни духтарон буда, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё соли 2021 медали биринҷӣ гирифтааст.

Инчунин Миҷгона Самадова дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки соли гузашта дар шаҳри Ниши Сербия доир гардид, Самадова ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Миҷгона Самадова ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса роҳхат гирифта буд. Вай дар аввалин рақобаташ дар вазни то 57 кило аз Алиса Мендозаи амрикоӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Ин муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки соли 2024 дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир шуд, дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар даври аввал намояндаи Қатар Дана Ал-Ҷаббор Ҳошимро мағлуб намуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани узбек Нигина Уктамова шикаст хӯрд.

Боз ду муштзани тоҷик - Некрӯз Салимов ва Парвиз Каримов - дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон дар марҳилаи ниманиҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Салимов дар вазни то 80 кило бо намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш ва Каримов дар вазни то 90 кило бо муштзани Ҳиндустон Харш Чоудхари қувва меозмоянд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон 30-юми март оғоз шуд, то рӯзи 10-уми апрел идома мекунад. Ба иттилои сомонаи asianboxing.org дар маҷмуъ 230 муштзан аз 25 кишвари Осиё дар ин мусобиқа иштирок доранд. Мардон дар 10 вазн ва занон низ дар 10 вазн рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) дохиланд: мардон - Анушервон Фозилов (-55 кг), Акмал Убайдов (-60 кг), Руслан Ғафуров (-65 кг), Шамшер Саидов (-70 кг), Некрӯз Салимов (-80 кг), Парвиз Каримов (-90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг); занон - Миҷгона Самадова (-57 кг), Бибинашастамо Холова (-60 кг).

Ба ғайр аз Самадова, Салимов ва Каримов, муштзанҳои дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамот шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ба назари коршиносон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор муштзанҳои Қазоқистон, Узбекистон, Чин ва Ҳиндустон муддаиёни аслии ҷоизаҳо маҳсуб меёбанд.

Дар ин мусобиқа барандагони ҷоизаҳо ва қаҳрамонҳои олимпӣ, инчунин ситораҳои нав аз саросари қитъа ширкат мекунанд. Ин як мусобиқаи сатҳи олӣ мебошад, ки дар он қавитарин муштзанҳои Осиё пас аз Бозиҳои олимпии соли 2024 ба ринг баргаштаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus