Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Иштироки гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Бишкек

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзҳои 6-12-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек - баргузор мешавад, барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) доир мегардад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард ва 1 зан) дохиланд.Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Гуштии юнону румӣ:

-67 кг: Суннатулло Абдуллоев-72 кг: Лоиқ Амирхонзода-77 кг: Алишер Рӯзимадов-87 кг: Муҳаммад Султонзода-130 кг: Эдуард Бабеношев

Гуштии озод:

-57 кг: Айаал Белолюбский-65 кг: Абдулмаҷид Кудиев-70 кг: Виктор Рассадин-74 кг: Мустафо Аҳмадов-79 кг: Сомон Икромов-86 кг: Баҳодур Қодиров-92 кг: Исмоил Картоев-97 кг: Раҳмон Маҳмадбеков

Дар сабқати гуштии занона Тоҷикистонро Ватансултон Шакаршоева дар вазни то 53 килограмм намояндагӣ мекунад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ дар Бишкек наздики 350 гуштигир барои 30 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Нахуст рақобатҳо дар риштаи гуштии юнону румӣ рӯзҳои 6-8-уми апрел баргузор мешавад. Баъдан рӯзҳои 8-10-уми апрел сабқати гуштии занона доир мегардад. Рӯзҳои 10-12-уми апрел мардон дар риштаи гуштии озод рақобат мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ дар Бишкек яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба мусобиқаҳои байнулмилалӣ буда, имкони ба даст овардани имтиёзҳои иловагии рейтингиро фароҳам меорад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus