Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Расонаҳо: ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус" 12 март эълон мешавад

Қарор аст ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус"-и Маскав рӯзи 12-уми март эълон шавад. Дар ин бора Даниэл Готе, вакили дифои ҷабрдидаҳо рӯзи дуюми март ба хабаргузории русии ТАСС иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиа дар Додгоҳи шаҳрии Маскав хоҳад гузашт ва ҳукми гумонбарон дар ҳузури хабарнигорон ва мардум эълон мешавад.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодаанд.

Аммо хабаргузориҳои русии РИА Новости ва ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки додситонӣ ба 15 нафар аз гумонбарон ҳабси абад талаб кардааст. Ба 4 нафари дигар аз 19 то 22 соли зиндон хоста шудааст.

Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав дорад. Бархе аз расонаҳои Русия навиштаанд, гумонбарон хостори сабук кардани ҷазо шудаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус" риоя мешавад.

Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷруҳ шуданд.

Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus