Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, дастикам 7 нафар ба ҳалокат расидаанд Бархе манбаъҳо шумораи қурбониёнро бештар мегӯянд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, садама пеш аз зуҳри 28 июн рух дода, се мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар натиҷа, ба гуфтаи шоҳидон, бисёре аз мусофирон фавтидаанд. Бархе манбаъҳои шумораи қурбониёнро 7 нафар ва бархе ҳам аз ин бештар мегӯянд. Чанд нафар ҳам захмӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.

Дар аксҳо ва наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки мошинҳои ба ҳам бархӯрда, осеби ҷиддӣ дидаанд ва мардуми зиёде дар маҳал ҳузур доранд.

То кунун дар мавриди ҳодиса ва сабабҳои сар задани он маълумоти зиёде дар даст нест. То лаҳзаи нашри ин хабар, Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи он шарҳи расмӣ ироа накардааст. На намояндагони ҳукумати Масчоҳ ва на дигар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд.

Бо ба даст омадани маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса, Радиои Озодӣ онро нашр хоҳад кард.

Давоми як моҳи ахир ин бори дувум аст, ки дар вилояти Суғд садамаҳои маргбор рух медиҳад. Рузи 29 май бар асари чунин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаш нафар ҷон бохтанд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргу мир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus