Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Эрон аз Озарбойҷон хостааст, гузориши матбуоти Исроилро таҳқиқ кунад

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон хостори таҳқиқи ин масъала шудааст, ки оё дар воқеъ Исроил барои ҳамла ба кишвараш аз қаламрави ҳавоии Озарбойҷон истифода кардааст, ё не.

Пизишкиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар рӯзи 26-уми июн аз ӯ хостааст, гузоришҳо дар бори онро, паҳподҳои исроилӣ, аз ҷумла паҳподҳои хурди он аз тариқи қаламрави ҳавоии Озарбойҷон ба Эрон ворид шудаанд, “таҳқиқ ва мушаххас” кунад.

Бар асоси иттилои расмии мақомоти Эрон, Илҳом Алиев зимни гуфтугӯ ин иддаоро рад ва таъкид кардааст, ки Озарбойҷон иҷоза намедиҳад, аз қаламрави он ба зидди Эрон истифода баранд. Дар баёнияи расмии Озарбойҷон ҳеч ишорае ба гуфтаҳо нашудааст.

Дар ҳамин рӯз матбуоти Исроил аз қавли як мақоми номаълуми вазорати дифо навиштаанд, ки артиши Исроил ҳангоми ҷанг дар як кишвари “наздик” ба Эрон амал мекард. Ҷузъиёте аз ин бештар надодаанд. Тақвияти робитаҳои Озарбойҷону Исроил аз дер боз мояи нороҳатии Эрон буд.

Ҳамкории ду тараф бахусус дар арсаи низомӣ солҳои ахир рушд кард. Озарбойҷон ҳам соли 2023 дар Тел Авив сафорат боз кард, ки мақомоти эронӣ ба он бо шубҳа менигаранд. Бино ба гузориши Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Мутолиоти Сулҳи Стокҳолм 69 дар сад аз аслиҳа ва муҳимоти ҷангии маъмулӣ, ки Озарбойҷон харидааст, сохтаи Исроил будаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus