Қурби доллари амрикоӣ дар баробари асъори миллии сомонӣ ба таври чашмрас поин рафтааст. Рӯзи 27-уми май бар асоси маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, 100 доллар ба 1017 сомонӣ баробар буд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ арзиши 100 доллар аз 1000 сомонӣ ҳам пойин фаромада буд.