Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Баҳси Бобоев ва терминали Кӯлоб. Кӣ ҳақ аст?

Дар назди даромадгоҳи хонаи Зариф Бобоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ду контейнери бузург гузошта шудааст. Ҳоло хонаводаи ӯ маҷбур аст аз пушти хона ба дарун ва беруни хона рафтуомад кунад. Хонаи Бобоев дар кӯчаи Нонвои поён дар ҳудуди терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Ба гуфтаи ӯ, ин корро масъулони терминал махсус анҷом додаанд.

“Аз пушту пешам роҳу нуқтаи сузишворӣ аст, аз ду барам худи терминал, дигар ҷои баромад надорам. Ҳамон мард инсоф надорад, даромада даҳҳо бор хонаро дидаанд, махсус роҳи маро маҳкам кардааст, аз Худо наметарсад, маро ба ин ҳол оварда расондааст”, гуфт Зариф Бобоев.

Терминали Кӯлоб, ки пас аз соҳибистиқлолии кишвар хусусӣ гардонида шудааст, дар гузашта хонаҳои воқеъ дар ҳудуди онро харида, ба масоҳати терминал ҳамроҳ карда буд. Айни ҳол танҳо хонаи Зариф Бобоев дар дохили терминал боқӣ мондааст. Масъулони терминал мегӯянд, контейнерҳоро дар ҳудуди замин муассиса гузоштаанд ва ин нақзи қонун нест. Онҳо таъкид мекунанд, ки тамоми роҳҳо ва мағозаҳои атроф дар ҳавлии ин автовокзали собиқ ҷойгиранд. Дар посух ба ин вазъ, Зариф Бобоев ба додгоҳ ва додситонӣ муроҷиат кардааст.

“Дар суд гуфтанд, ки «ариза кун, мо ҳамингуна одам кофта истодаем». Ба додситонӣ ҳам навиштам, аммо то кунун ҳеҷ кас ба аризаҳои ман посух надодааст”, гуфт Бобоев.

Фирдавс Саидов, як намояндаи терминали Кӯлоб иброз дошт, ки дар гузашта Бобоев роҳи алоҳида барои баромад дошт, аммо як қисми онро барои савдо истифода бурда, қисми дигарро худаш бастааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ба Бобоев пешниҳоди харидани хонаашро кардаанд, вале ӯ рад намудааст. Бобоев низ ин гуфтаро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки хонаеро, ки дар иваз пешниҳод шуда буд, дар шаҳри Душанбе қарор дошт ва кӯҳна буд. Ӯ ба ин далел шартномаро напазируфт.

“Дарвозаи хонаи ман ба ҳамон халал мерасонидааст, - гуфт Бобоев. - Ман пешниҳод кардам, ки хонаро харад. Як хонаро дар Душанбе нишон дод, хона нашуд, чун хона кӯҳна буд.”

Ин баҳс солҳост, ки идома дорад ва то ҳол роҳи ҳал пайдо накардааст. Ҳарду ҷониб худро ҳақ медонанд. То имрӯз маълум нест, ки дар ин моҷаро кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus