Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳалокати 2 корманди сафорати Исроил дар тирандозии назди музейи яҳудиён дар Вашингтон

Бинобар гузоришҳо, ду корманди сафорати Исроил дар Вашингтон, дар пайи тирандозӣ дар наздикии музей ё осорхонаи яҳудиён дар ин шаҳр, кушта шуданд. Пулис аз боздошти фарди гумонбар, хабар додааст.

Ин тирандозӣ соати тақрибан 21:00-и чоршанбеи 21 май дар наздикии музейи яҳудиён дар Вашингтон рух дод ва қурбониён аз як маросим дар ин музей, берун шуда буданд.

Памела Смит, раиси пулиси Вашингтон гуфт, ки фарди ҳамлавар ба тарафи як гурӯҳи чаҳорнафара тирандозӣ кард ва дар пайи он як мард ва як зан кушта шуданд.

Хонум Смит аз боздошти фард гумонзад ба тирандозӣ хабар дод ва аз ӯ "Илёс Родригез"-и 30 сола ва сокини Чикаго, ном бурд.

Ӯ бо ишора ба инки як нафар қабл аз тирандозӣ дар ҳоли қадам задан дар берун аз музей мушоҳида шуда буд, афзуд, ки фарди гумонбар ҳангоми боздошт шиор сар медод, "Озодӣ ба Фаластин".

Раиси пулиси Вашингтон ҳамчунин аз оғози таҳқиқот дар бораи ин тирандозӣ хабар дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба хонаводаҳои қурбониён ҳамдардӣ кард ва дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, "ин қатлҳои ваҳшатнок дар Вашингтон, ки ошкоро бар асоси яҳудиситезӣ анҷом мешавад, бояд ҳамин ҳоло поён ёбад. Нафрат ва тундгароӣ ҷойе дар Амрико надоранд".

Мақомҳои амниятии Амрико, аз ҷумла, амнияти миллӣ, аз ҳузур дар саҳнаи тирандозӣ ва пайгирии ин ҳодиса, хабар доданд.

Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил низ эълон кард, ки дар бораи ҳамла ба кормандони сафорати ин кишвар дар Вашингтон, бо мақомоти амрикоӣ дар тамос аст.

Данни Данон, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид низ ин тирандозиро "як иқдоми террористии яҳудиситезона" хонд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus