Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Душанбе ба конфронси ҳифзи пиряхҳо омода мешавад

Гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, кам шудани манобеи обӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли рух додани фоҷиаҳои экологӣ аз ҳадафҳои бунёдии як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе аст, ки ба бовари мақомоти Душанбе дар сатҳи баланд бояд масоили вобаста ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ кунад. Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони он хоҳад буд ва СММ ҳам се сол пеш гуфт, бо пешниҳоди Душанбе соли 2025-ро соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳоро эълон мекунад.

Ба иттилои Саноӣ Бойзода, раҳбари котиботи конфронси ҳифзи пиряхҳо, барои иштирок дар ин ҳамоиш 55 кишвари узви СММ ва 48 созмон изҳори омодагӣ кардаанд. Интизор меравад, ки дар ин конфронси серӯза 1700 нафар иштирок кунанд.

Яке аз ҳадафҳои конфронси Душанбе ҷалби сармояи кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо дониста мешавад. Бо ин ҳадаф Бунёди вижае таъсис шудааст, ки Тоҷикистон сармоягузори нахустини он аст. Коршиноси мустақил Мирҳусайн Назриев бар ин аст, ки аз ҳар конфронси байналмилалӣ чизе мусбате дарёфт кардан мумкин аст, ба шарти он ки хулосаҳои он натиҷаҳои амалӣ диҳанд:

Мирҳусайн Назриев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мушкили ҳифзи пиряхҳо, умуман проблемаи таъмин кардани оби ошомиданӣ дар курраи Замин ба яке аз проблемаҳои рақами як табдил шудааст. Гумон мекунам, ки шояд ҷанбаи иқтисодии масъалаи обе, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар ин конфронс мавриди омӯзиш, мавриди баҳс қарор гирад”.​

Пайомадҳои тағйири иқлим барои Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои дарднок ба шумор меравад, зеро солҳои охир пиряхҳои ин кишвари куҳистонӣ бо суръат об мешаванд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Ин мушкил барои Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои бузурги гирдроэнержии минтақа дониста мешавад, чолишҳоеро ба бор овардааст. Аммо худи Тоҷикистон дар танҳо барои рафъи ин чолишҳо муваффақ нест ва ба ҳамгироӣ ва сармоягузории ҷомеаи ҷаҳонӣ умед бастааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus