Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тоҷикистон ва Чин барои мошинҳои барқӣ корхона месозанд

Тоҷикистон ва Чин ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе барои хидматрасонӣ ба мошинҳои барқӣ ва нобуд кардани онҳо корхонаи муштарак таъсис диҳанд. Ин мавзуъ 15-уми май дар вохӯрии вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баррасӣ шудааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корхонаи муштарак барои хидматрасонии техникии электромобилҳо, нобудсозӣ ё коркарди батареяи мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо маълум нест, ки коргоҳи нав кай ва бо чӣ қадар сармоя сохта мешавад.

Тасмими сохтани чунин коргоҳ дар ҳолест, ки баъд аз соли 2022 аз Чин ҳазорҳо адад нақлиёти барқӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст. То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.

Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2028 бояд то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд. Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus