Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Зарифиро аз боздоштгоҳ ба зиндон бурдаанд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро аз Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе ба яке аз зиндонҳо бурдаанд. Дар ин бора як манбаи огоҳ ва боварбахш рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, Зарифиро ҳанӯз рӯзи панҷшанбеи 8-уми май ба зиндон интиқол додаанд. Манбаъ афзуд, ҳарчанд дақиқ намедонад, ки Зарифиро ба кадоме аз зиндонҳо бурдаанд, аммо тахмин зад, ки шояд ба зиндоне, ки дар он кормандони собиқи мақомоти интизомӣ нигаҳдорӣ мешаванд, бурда бошанд, зеро дар гузашта ӯ сарҳанги Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.
Ҳарчанд наздикони Зарифӣ дар ин бора изҳори назар намекунанд, аммо ба гуфтаи як манбаи дигар, рӯзи панҷшанбе бастагонаш ба ӯ дар боздоштгоҳ хӯрок бурдаанд, вале кормандони боздоштгоҳ хӯрокро нагирифтаанд, ки ӯро "этап" кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, маъмурони боздоштгоҳ гуфтаанд, ки ҳамроҳ бо Зарифӣ ду тани дигарро ҳам ба зиндон интиқол додаанд, аммо аз онҳо ном набурдаанд.
Наздикони чанд маҳкумшудаи дигар дар қазияи пурсарусадои маъруф ба "табаддулоти давлатӣ" ва "ғасби ҳокимият" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе (8 май), хӯроки онҳоро гирифтанд, аммо рӯзи ҷумъа бо сабаби таътили расмӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба, бахши пазириши хӯроки ин ниҳод кор намекардааст.
Пас аз бетағйир гузоштани ҳукми зинаи аввал дар додгоҳи бознигарӣ, вакили дифои яке аз маҳкумшудагон гуфта буд, ки мақомот ҳақ доранд онҳоро пас аз панҷ рӯзи ин ҷаласаи додгоҳ, ба зиндон интиқол диҳанд.
Ба зиндон интиқол додани Зарифӣ дар ҳолест, ки дар миёнаҳои моҳи апрел, аз миёни 9 маҳкумшудаи ин парванда, танҳо ӯ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти назоратӣ бурда буд. Ҳанӯз дақиқ нест, ки додгоҳ ба баррасии шикояти ӯ пардохтааст ё не.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ин 9 нафарро, ки зинаи аввал 5-уми феврал содир карда буд, рӯзи 2-юми апрел дар марҳилаи бозбинӣ бетағйир гузошт. Ҳар ду марҳилаи додгоҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд.
Ба ҷуз аз Рухшона Ҳакимова, ки охири моҳи гузашта ба зиндони занонаи шаҳри Норак интиқол ёфт ва Зарифӣ, ки инак аз интиқол ёфтани ӯ хабар мерасад, бақияи чеҳраҳои саршинос то кунун дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаванд.
Наздиконашон мегӯянд, ки аз лаҳзаи боздошт то кунун онҳоро надидаанд. Ҳарчанд борҳо ба мақомоти масъул барои дидорбинӣ бо пайвандонашон расман муроҷиат кардаанд, аммо муваффақ нашудаанд.
Яке аз пайвандони ин маҳкумшудаҳо ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ахиран мақомот ба онҳо ваъда додаанд, ки пас аз ба зиндон бурдани наздиконашон, метавонанд онҳоро дар зиндон мулоқот кунанд.
Кӣ чанд сол зиндонӣ шуд?
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол.

Ҳамчунин додгоҳ ҳукми мусодираи молу мулки ин афродро ба нафъи давлат содир кард, ки ахиран ин қазия низ ҷанҷолӣ шудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus