Мақомоти Олмон раванди ихроҷи Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсӣ ва паноҳҷӯйи 40-соларо шуруъ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки чандин созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Ҳелсинкӣ аз ҳукумати Олмон хостаанд, Эргашевро ихроҷ накунад.