Манижа Сангин, овозхони тоҷики шаҳрванди Русия моҳи май таронаи навашро ба забони англисӣ муаррифӣ кард. Охирин намояндаи Русия дар озмуни байналмилалии “Eurovision”-ро мақомот ва нажодпарастони рус барои мавқеи зиддиҷангиаш таҳрим ва аз ҳаққи ташкили консерт маҳрум карданд.