Як гуруҳи иборат аз муфаттишони Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ва шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғро аз сар гирифтаанд. Пештар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нигарон буданд, ки эҳтимол таҳқиқ бас шудааст. Додситонӣ мегӯяд, дар таътил буданд.