Даъвати Amnesty International ба тарафдорӣ аз озод шудани Навалний. Аз ҳабси мунаққиди Кремлин як сол гузашт
Струзерс мегӯяд, “даҳҳо ҳамкору тарафдорони Навалний бо иттиҳомоти ноодилона рӯбарӯ шуда, шумори афзояндаи онҳо аллакай дар зиндон мебошанд”. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия ин афроду созмонҳоро “тамғаи экстремистӣ зада вебсайтҳои онҳоро ҳам масдуд кардаанд”. Дар давоми як соли охир бисёр ҳамкорону наздикони Навалний аз тарси таъқибҳои сиёсӣ кишварро тарк кардаанд ва ҳоло аз сарнавишти наздиконашон, ки дар Русия мондаанд, нигарон ҳастанд. Струзерс мегӯяд, “бо гузашти як сол аз ҳабсу ҳукми зиндони Навалний бисёр тарафдорони ӯву фаъолони сиёсӣ дар як даҳшате ба сар мебаранд”.
Алексей Навалнийро рӯзи 17 январи соли 2021 дар фудугоҳи Шереметевои шаҳри Маскав баъди бозгашташ аз Берлин боздошт карда, бо иттиҳоми ин ки ҳукми ҳабси шартиро вайрон кардааст, ба дуюним соли зиндон ҳабс карданд. Худи Навалнию вакилонаш гуфтанд, ки замони дар Берлин муолиҷа шудани ӯ мақомотро дар бораи бо сабаби беморӣ дар касалхона будани ӯ огоҳ карда буданд. Худи Навалний гуфтааст, ки амри заҳролудкунии ӯро бо навъи низомии защри “Новичок” президенти Русия Владимир Путин додааст. Кремлин даст доштанаш дар ин қазияро ҳамеша рад кардааст.