Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Гурҷистон дар ду бозии дӯстона дар Тифлис

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона бо мунтахаби Гурҷистон, ки рӯзҳои 15-16-уми январ дар Тифлис баргузор шуд, шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.


Ба иттилои манбаъ, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Гурҷистон ва Тоҷикистон бо ҳисоби 6:2 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Дар нимаи дувуми 20-дақиқаӣ мунтахаби Гурҷистон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор тӯби беҷавоб заданд.


Ҳамин тариқ, бозии аввали дӯстона бо ғалабаи гурҷиҳо бо ҳисоби 6:2 анҷом ёфт. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ду голро Умед Қузиев ва Бахтиёр Солиев ба самар расониданд.


Бозии дувуми дӯстона рӯзи якшанбеи 16-уми январ дар пойтахти Гурҷистон доир гардид. Ин дафъа ҳам бозигарони гурҷӣ маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби бузурги 10:1 пирӯз шуданд.


Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои дӯстонаро бо тими миллии Гурҷистон бидуни сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва як қатор бозигарон баргузор кард, зеро ки ташхиси онҳо барои сирояти коронавирус дар Тифлис натиҷаҳои шубҳаовар дод.


Ин бозиҳо барои мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир гардиданд. Зимнан, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда шуд.


Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Афғонистон (10-уми апрел), Непал (11-уми апрел) ва Узбекистон (12-уми апрел) рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохиланд.


Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.


Барои мунтахаби Гурҷистон бошад, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии омодагии даста пеш аз қаҳрамонии Аврупо-2022 оид ба футзал маҳсуб меёфт. Мунтахаби Гурҷистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Испания, Озарбойҷон, Босния ва Ҳерсеҳовин рақобат хоҳад кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus