Омӯзгорони мактабҳои миёна дар баъзе аз вилоятҳои Узбекистон шикоят доранд, ки мақомотҳои маҳаллӣ сарфи назар аз фармони президент Шавкат Мирзиёев онҳоро иҷборан ба нашрияҳо обуна мекунанд.
Дар баъзе аз вилоятҳои Узбекистон мудирони мактабҳо низ иҷборан забонхат медиҳанд, ки "маъракаи обунашавии иҷбориро миёни омузгорон ба роҳ хоҳанд монд".
"Вазифадорам, ки дар ташкили обунашавӣ ба даҳҳо нашрия, аз қабили "Маърифат кўзгусӣ", "Янги Сирдарё", "Халқ сўзӣ", "Янги Ўзбекистон" ва "Маънавий ҳаёт" саҳми худро гузорам", - навиштаанд мудирони мактабҳои миёна дар забонхатҳои худ.
Мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, мақомоти маҳаллӣ ба мудирони мактабҳо таҳдид кардаанд, ки агар "нақшаи обунашавӣ ба нашрияҳо"-ро иҷро накунанд, мақоми худро аз даст хоҳанд дод.
Тибқи фармони Шавкат Мирзиёев аз 14-уми августи соли 2018 обунашавии иҷбории омӯзгорони Узбекистон ба нашрияҳо манъ аст.