Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд

Дар Русия аз миёни 19 кӯҳнаварде, ки талош карданд қуллаи баландтарини Элбрусро фатҳ кунанд, панҷ нафарашон куштаву 11 нафарашон захмӣ шуданд. Ин гурӯҳ шоми 23-юми сентябр дархости наҷот карда буданд. Дар ин гурӯҳ, ба иттилои Интерфакс, намояндагони 11 минтақаи Русия аъзо буданд. 14 нафарашонро  дар амалиёти ҷустуҷӯ, ки бо ширкати 70 наҷотбахшу 16 васоили нақлиётӣ барпо шуд, зинда пайдо карданд. Фарзияи пешакии сабабҳои фоҷеа бад шудани ҳаво ва бориши зиёди барфу тӯфон гуфта мешавад. Шоми панҷшанбе суръати бод 40 метр дар сония ва ҳарорати ҳаво минус 20 дараҷа Селсияро ташкил медод. Барфу тӯфон имкони диданро ҳам мушкил кард ва кӯҳнавардон танҳо фосилаи 1 метр аз ҳамдигарро ба сахтӣ дида метавонистанд, менависад Радио Свобода. Ҳеҷ яке аз ҳайати гурӯҳ кӯнаварди касбӣ набудааст.


Аризаи фатҳи қуллаҳои Элбрусро ин гурӯҳ аз қабл дар вазорати ҳолатҳои изтирории Русия сабт карда, ҳангоми ирсоли занги хатар ва дархости наҷот дар баландии 5400 метр дар сатҳи баҳр қарор доштааст.


Элбрус дар ҳудудҳои Қафқози Шимолӣ ҷойгир буда, яке аз маконҳои маъруф дар миёни кӯҳнавардони ҷаҳон ба шумор меравад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus