Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Зиндоние, ки шиканҷаи пеш аз қатли варзишгари эрониро дидааст, даргузашт

Мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки Шоҳин Носирӣ, як зиндоние, ки иддао кардааст пеш аз иҷро шудани ҳукми қатли гӯштигир Навид Афкорӣ дар оғози соли ҷорӣ шоҳиди шиканҷа шудани ӯ будааст, даргузашт. Мақомоти зиндонҳо рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки сабаби марги Носирои, ки дар зиндони "Теҳрони бузург" рух додааст,  таҳқиқ мекунанд. Ду рӯз пеш аз ин як созмони Ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Осло бо нашри гузорише гуфт, ки “Носирӣ баъди интиқолаш ба утоқи якҳуҷраӣ дар шароити мармуз даргузашт”. Ин созмон гуфт, ки дар солгарди ҳукми қатли Афкорӣ, ки барои куштори як афсари амниятӣ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018  ба ҳукми қатл маҳкум шуд, Носириро ба макони номуайян интиқол доданд.


Афкорӣ 12 сентябри соли 2020 ба дор овехта шуд ва ин кори мақомоти эронӣ маҳкумиятҳои ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки Афкорӣ шиканҷа шуд ва баъди ин иттиҳомоти дурӯғинро ба гардан гирифт. Вакили дифои ӯ гуфт, ки исботи гунаҳгор будани ӯ вуҷуд надорад. Мақомот шиканҷа шудани Афкориро рад мекунанд.




Баъди ин ҳодиса Носирӣ иддао кард, ки шоҳиди латукӯби шадиди Афкорӣ аз ҷониби ду марди ҳузарби либоси мулкипӯш шуд ва шунид, ки Афкорӣ дод мезад. Дар як паёми садоие, ки Радио Фардо ба даст овардааст, Носирӣ нақл мекунад, ки шоҳиди “як шиканҷаи монанд ба асри миёнаи”-и Афкорӣ шудааст. Ӯ инчунин гуфтааст, ки мақомот ба ӯ таҳдид карданд, ки дар бораи марги Афкорӣ лаб накушояд.


Мақомоти зиндонҳои Эрон дар як изҳорот навиштанд, ки Носирии маҳкумшуда барои тақаллуб ва дуздӣ баъди 45 дақиқаи ба беморхонаи зиндон интиқол ёфтанаш ва бо вуҷуди ёрии зарурии тиббӣ гирифтанаш даргузашт.  Мақомот гуфтанд, ки сабаби марги ӯро таҳқиқ мекунанд. Манобеъ гуфтанд, ки Носирӣ аз ҳеҷ дарде шикоят надошт.


Созмони “Афви байнулмилал” дар гузорише рӯзи 15-уми сентябр гуфт, аз оғози соли 2010 то кунун марги мармузи 72 нафар дар зиндонҳои  Эрон сабт шудааст, вале ҳеҷ як мақомдор барои ин ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.  

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus