Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, дар паёмаш ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10-уми август таҷлил мешавад, гуфтааст, "бо ифтихор метавон зикр намуд, ки агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба зиёда аз 5000 адад расида, ба андозаи 40 маротиба зиёд гардидааст".
Ин паём дар сомонаи расмии Кумита (http:javononvavarzish.tj) 10-уми август нашр шудааст. Ситоиши раиси Кумита дар ҳолест, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.
Ёдовар мешавем, мутахассисони варзидаи соҳа дар Мизи гирди Радиои Озодӣ, ки рӯзи 5-уми август доир гардид, барои ислоҳи вазъ ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба бозиҳои навбатии олимпӣ пешниҳодҳои мушаххасе карданд.
Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 шахсони масъул – раҳбарони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои дахлдори варзишӣ ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ – аз вазифаашон истеъфо диҳанд.
Сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд ва ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин гарданд. Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.
Варзишгарони касбӣ – узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон - бо маоши барои худ ва оилааш басанда, шароити хуби тамрин, ғизою витамин таъмин карда, бо машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ натиҷаҳои пасти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 интиқод шуд. Вале то ҳоло масъулини соҳа ба танқиду пешниҳодҳои мутахассисону коршиносон ва ҳаводорони варзиш вокуниш нишон надодаанд.
Бархе аз коршиносону мутахассисон бар ин назаранд, ки натиҷаҳои ғайриқаноатбахши ҳайати варзишии Тоҷикистон бояд дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ шавад.