Мақомот дар Чеченистон, як ҷумҳурие дар Қафқози Шимолӣ иддао карданд, ки ба хотири пешгирии "аз ҷониби фаъолони ҳуқуқ рабуда шудани” як зан, ӯро аз дохили паноҳгоҳи қурбониёни хушунати хонаводагӣ берун оварданд. Ҳалимат Тарамова, духтари як муттафиқи деринаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро полис рӯзи 10-уми июн бо зӯр аз дохили як паноҳгоҳе дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон берун бурданд. Баъди ин Тарамова ба Чеченистон бурда шуд ва ҳоло, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, ӯ метавонад як қурбонии “куштори номусӣ” шавад. Дар як видеое, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби фаъолон нашр шуд, Тарамова гуфт, ки хонаашро дар Чеченистон бо сабаби “латукӯбу таҳдидҳои зиёд” тарк кард. Дар ҳамин навор Тарамова дар муроҷиат ба мақомоти Чеченистон гуфтааст, ки ӯро ба феҳристи афроди нопадидшуда ворид накунанд.
Дар як изҳороти шабакаи ҳомии аққалиятҳои ҷинсӣ гуфта шуд, ки Тарамова ба хотири тамоюлҳои ҷинсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Ба қавли фаъолон, Тарамова дар дохили паноҳгоҳ ҳамроҳ бо дӯстдухтараш Анна Манилова нигаҳдорӣ мешуд.
Вале дар изҳороти рӯзи 13-уми июни вазири Чеченистон дар умури сиёсати дохилӣ, равобити байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи ин қазия иттилои зиддунақиз нашр шуд. Дудаев иддао кард, ки “дар натиҷаи амалиёти ҳамоҳангшудаи полиси Чеченистону Доғистон “аз талоши рабудани” Тарамова пешгирӣ карданд. Дудаев гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун ваё хонаводаи Ҳалимат Тарамова рӯй надодааст. Ӯ иддао кард, ки Тарамова гӯё мушкилоти саломатӣ дорад ва доимо зери назари табибон буд.
Дудаев бо ин ки ҳомиёни ҳуқуқ ва Ғарбро гунаҳгор кард, иддао кард, ки дар Чеченистон “ҳамҷинсгароӣ вуҷуд надорад”.
Рамазон Қодиров беш аз даҳ сол мешавад, ки раҳбарии Чеченистонро ба ӯҳда дорад ва пайваста дар одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳам кушторҳои худсарона айбдор мешавад.