Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Лукашенко қонуни тирандозӣ ба сӯи эътирозгаронро имзо кард

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко қонунеро имзо кард, ки ба ходимони полис ва нирӯҳои амниятӣ иҷоза медиҳад, ки ба сӯи эътирозгарон тир холӣ карда шавад. Қонуни рӯзи 17-уми май имзокардаи Лукашенко ходимони ҳифзи қонунро аз масъулият дар баробари осеби инсон ба ҳангоми ҳамлаи ҷисмонӣ, оташкушоӣ ваё истифодаи дигар василаву силоҳҳои вижа бар зидди эътирозгарон озод мекунад. Ин қонун бахше аз як қонунгузории азим аст, ки парлумон моҳи апрел онро қабул кард. Дар он инчунин озодиҳои маданӣ шадидан маҳдуд шуда, пахши иттило дар бораи саркӯбҳои демократӣ дар кишвар ҳам бо маҳдудият рӯбарӯ мешавад.


Интихоботи президентии августи соли гузашта дар Беларус бо пирӯзии Лукашенко анҷомид, вале мухолифон бовар доранд, ки барандаи аслӣ раҳбари мухолифон Светлана Тихановская буд ва ин натиҷаҳо шадидан тақаллуб шуданд. Дар пай дар саросари Беларус эътирозҳо  бо талаби истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи нав шурӯъ шуд. Мақомот ва сохторҳои қудратӣ даст ба саркӯб зада, ҳазорҳо нафарро зиндонӣ карданд. Дар давоми ин саркӯбҳо чандин нафар кушта шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки боздоштшудаҳо аксаран шиканҷа шуданд.  


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus