Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ба нишони шаффофияти кораш Байден гузориши андози худро нашр кард

Президенти ИМА Ҷо Байден анъанаи раҳбарони гузаштаи кишварро идома дода, гузориши андози худро нашр кард. Дар ин санад дида мешавад, ки ӯву ҳамсараш соли 2020 беш аз 607 ҳазор доллар даромад гирифта, наздики 26 % онро ҳамчун андоз ба давлат супурдааст. Ин санад рӯзи 17-уми май нашр шуд, ки дар ИМА  санаи охирини супурдани андоз барои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Байден дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш  ваъда дод, ки дар бораи даромадҳои молии худ ба мардум пурра ва рӯшод гузориш медиҳад. Ин гузориш даромади молӣ, манбаи даромад ва ҳам пулҳои барои хайр ирсолшударо дар назар мегирад. Вале президенти пешин Доналд Трамп анъанаи дар ихтиёри ҷомеа гузоштани гузориши андозсупориро вайрон кард. Ӯ пеш аз президент шудан як соҳибкори калон, хонаҷаллоб ва ситораи телевизион буд ва дар як иддаояш гуфт, ки гӯё мақомоти андози ИМА монеи нашри гузориши андози ӯ шуданд.  Баъди ин, нашрияи The New York Times  моҳи сентябри порсол гузориши андозҳои Трампро ба даст овард ва ошкор кард, ки Трамп дар солҳои 2016 ва 2017 ба андози давлатӣ танҳо 750 доллар супурдааст. Трамп гуфт, ки барои пардохти навъҳои мухталифи андоз миллионҳо долларашро сарф кардааст ва шахсе маҳсуб меёбад, ки ба сабукиҳои андозсупорӣ ҳақ дорад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus