Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Парлумони Қирғизистон пешниҳоди президент дар бораи Қумторро дастгирӣ кард

Парлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май нақшаи муваққатан ба ихтиёри давлат гузаронидани кони азими тиллои кишварро ҷонибдорӣ кард. Кони Қумтор бар асоси созиши қаблӣ дар ихтиёри ширкати канадаии  Centerra Gold гузаштааст ва аз ҳамин хотир  ширкат гуфт, ки ҳукумати Қирғизистонро ба додгоҳ кашид.


Ҳукумати Бишкек дар гузашта ширкати канадаиро дар он муттаҳам кардааст, ки  даромад ва пулҳои воқеии ин ширкат аз ҳисоби истихроҷи тиллоро аз давлат пинҳон мекунад. Ихтилофи байни ду ҷониб баъди он шиддат гирифт, ки рӯзи 14-уми май президент Содир Ҷабборов қонунеро имзо кард, ки ба ҳукумати Қирғизистон иҷоза медиҳад муваққатан назорат ба кори конро ба ихтиёри худ дарорад. Ҷабборов гуфт, ки ин кор ба хотири ислоҳи мушкилоти марбут ба муҳити зист зарур аст. Бар  асоси қонунҳои Қирғизистон, дар сурати аз ҷониби ширкат вайрон шудани қоидаҳои муҳитзистӣ давлат ҳақ дорад, ки дар давоми се моҳ ширкатро ба ихтиёри давлат гузаронад. Як комиссиюни давлатӣ, ки иттиҳомоти вайрон шудани қоидаҳои муҳитзистӣ дар Қумторро  тасдиқ кард, рӯзи 17-уми май гуфт, ки дар ин кон ҳолатҳои “фасод ва вайрон кардани муқаррароти муҳитзистӣ” ошкор шудааст. Ҷабборов пешниҳод кард, ки “назорати беруна” аз кори кон се моҳ идома кунад ва парлумон ҳам дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus