Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 5-6-уми апрел ду бозии боқимонда баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дастаи нави лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд - бозиро дар майдони худ бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ба голи легионери узбек Акобир Тураев бохтариҳо бо зарбаи нишонраси Жан Гатен НД посух доданд.
Дар бозии дигар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ дар ҳузури 10 ҳазор тамошобин «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро легионери узбек Аббос Икромов дар дақиқаи 28-ум ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбеи 4-уми апрел ду бозӣ баргузор шуда буд. «Файзканд»-и Восеъ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 15-уми бозӣ капитан ё сарвони «Файзканд» Маҳмадалӣ Содиқов ба самар расонид. Зимнан, ин аввалин гол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 мебошад.
Инчунин дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд тими «Душанбе»-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Голҳои Максим Грек, Артём Сердюк, Парвиз Боқӣ-Охунов ва Дилшод Бозоров ба «Хуҷанд» дар ибтидои мусобиқаи имсола се имтиёз оварданд.
Бояд гуфт, ки бинобар омодагӣ ва иштироки дастаи«Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 ҳамаи бозиҳои бошгоҳи Душанбе дар ибтидои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба муҳлати дертар гузаронида шуд ва дар рӯзҳои эҳтиётӣ пас аз бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ доир мешаванд.
Бозиҳои даври дувум рӯзҳои 10-11-уми апрел баргузор мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои 9-ум ва 10-умро мегиранд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Эсхата» – «Хатлон» – 1:1
Гол: Акобир Тураев, 45+1 – аз пеналти (1:0). Жан Гатен НД, 51 – аз пеналти (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Иброҳимхон Эшонхонов («Эсхата»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
5 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2350 тамошобин.
«Истаравшан» – «Равшан» – 1:0
Гол: Аббос Икромов, 28.
Беҳтарин бозигари дидор: Аббос Икромов («Истаравшан»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
6 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвалит мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
1
1
0
0
4-1
3
2
«Истаравшан» (Истаравшан)
1
1
0
0
1-0
3
3
«Файзканд» (Восеъ)
1
1
0
0
1-0
3
4
«Хатлон» (Бохтар)
1
0
1
0
1-1
1
5
«Эсхата» (Хуҷанд)
1
0
1
0
1-1
1
6
«Истиқлол» (Душанбе)
0
0
0
0
0-0
0
7
«Кӯктош» (Рӯдакӣ)
0
0
0
0
0-0
0
8
ССКА (Душанбе)
1
0
0
1
0-1
0
9
«Равшан» (Кӯлоб)
1
0
0
1
0-1
0
10
«Душанбе» (Душанбе)
1
0
0
1
0-1
0
Даври 2-юм
10 апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Хатлон» – «Хуҷанд»
ССКА – «Эсхата»
11 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Равшан» – «Файзканд»
«Кӯктош» – «Истаравшан»