Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Азиз Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон кушта шуд"

Вазорати дифои Афғонистон эълон кард, ки Азиз Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон кушта шудааст. Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 12-уми ноябр дар як изҳорот эълом кард кард, ки Азиз Юлдош дар амалиёти нерӯҳои қудратии он кишвар дар ноҳияи Ғурмочи вилояти Форёб кушта шуд.


Дар эъломия замони анҷоми амалиёт зикр нашуда, аммо гуфта шудааст, ки фарзанди Азиз Юлдош захм бардоштааст.


Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки Азиз Юлдош фарзанди Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҳаракати исломии Узбекистон буд. Юлдош ва афроди мусаллаҳаш дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ба вижа Форёб фаъолият дошт.


Худи Тоҳир Юлдош - пешвои собиқи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон соли 2009 дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шуд.


Аксари аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон ташкил медиҳанд ва дар гузашта даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus