Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳум бо чанд ширкати корегияӣ бар сари бунёди метро дар Душанбе хабар дод.
Вазорати нақлиёт 17-уми ноябр навишт, "лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе" аз ҷумла санадҳои имзошуда мебошад.
Ҷузъиёти бештари ин лоиҳаҳо маълум нест.
Вазорати нақлиёт навиштааст, бо ҳадафи татбиқи ин лоиҳаҳо рӯзҳои 11-12 ноябр дар Душанбе давраҳои омӯзишӣ гузаронда шуд. Читать дальше...