30 тан аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд "дар кӯча мемонанд"
Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон аз эҳтимоли дар кӯча бесарпаноҳ мондани худ нигаронанд. Онҳо мегӯянд, панҷ рӯз пеш Хадамоти иҷрои Тоҷикистон барояшон мӯҳлат додааст, ки то 27 май манзили зисташонро довталабона тарк кунанд, вагарна иҷборан берун карда мешаванд. Хонаи мавриди баҳс дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҷойгир аст, ки соли 2016 бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун моликияти Мирзокарим Назаров эътироф ва мусодира карда шудааст. Читать дальше...