Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар чанд соли ахир кормандони вазорати умури дохилӣ 95 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 500 нафарро дастгир кардаанд, ки дар 900 ҷиноят даст доштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёти боздошт баъзе аз ин афроди муттаҳам ба ҷиноятро маҳв кардаанд. Раиси ҷумҳур, ки рӯзи 10-уми ноябр дар ҳузури кормандони вазорат суханронӣ мекард, ҳамчунин гуфтааст, дар ин муддат мақомоти милиса 1500 аъзо ва пайравони гуруҳҳои ифротиро дастгир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз нақши кормандони милиса дар пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ҳам суҳбат карда ва гуфтааст, ки «40 ҳолати 63 амали террористӣ ва тахрибкорӣ дар ҳудуди кишварро» мақомоти корҳои дохилӣ ошкор кардаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омори то кунун эълоннашударо овардааст ва он ҳам ин аст, ки дар кишвар дар муддати 3 соли ахир 82 мавриди маблағгузории терроризмро ошкор кардаанд.
Рӯзи 10-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи кормандони милитсия таҷлил мешавад ва умдатан дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хосе дар назди кормандони вазорати умури дохилӣ суханронӣ мекунад ва аз дастовард ва пешрафтҳои онҳо мегуяд.