Сергей Матвеев ва Дмитрий Кумшаев – ду куҳнаварди рус – рӯзи 14-уми август ҷузъиёти суқути чархболи фотеҳони қуллаи "Исмоили Сомонӣ"-ро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Онҳо гуфтанд, ҳодиса дар пайи номусоидии ҳаво дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) рух дод ва касоне, ки барои наҷоти ҷонашон пештар худро аз чархбол ба берун ҳаво дода буданд, ҳалок шуданд.