Нахустин шикоят аз озори лафзӣ ва таҳқири зан дар Душанбе аз сӯйи гурӯҳи ҷавонон дар фурсати кӯтоҳ ба додгоҳ рафт. Шикояти хабарнигори Радиои Озодӣ ба номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 август ироя шуд, имрӯз ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт ирсол гардид.