Додситонии кулли Қазоқистон иттилоъ дод, ки санҷиши парвандаи таҷовузи эҳтимолии як наврас дар деҳаи Абайи Туркистон (Қазоқистони Ҷанубии пешин) ба поён расид.
Ба маълумоти додситонӣ, парвандаи ҷиноӣ зидди се гумонбар қатъ шудааст, зеро синни онҳо ҳангоми ҷиноят аз 14 - синни ҷавобгарии ҷиноӣ барои хушунати ҷинсӣ - поин будааст. Гумонбари чаҳорум ба озору азияти ҷинсии ноболиғ айбдор мешавад.
Дар доираи тафтишот 18 ташхису санҷиш гузаронида шуд ва дар он бо дархости ҷониби ҷабрдида мутахассисони хориҷӣ аз Қирғизистон, Русия ва Гурҷистон иштирок доштанд.
Дар бораи эҳтимоли таҷовуз шудани писарбачаи ноболиғ дар Абай миёнаҳои моҳи март хабар дода шуд. Сокини 60-солаи маҳаллӣ Шарифа Ботирбекова гуфт, аз моҳи августи соли гузашта ба ин сӯ, набераи ӯро борҳо латтукӯб ва таҷовуз карданд. Вале кормандони пулис, танҳо баъди шикояти сеюми ин зан ба қазия таваҷҷӯҳ карданд.
Ин ҳодиса баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба бор оварда, ба барканории чанд мансабдор сабаб шуд.