Ҳамлагари Capital Gazette ба панҷ куштори дараҷаи аввал муттаҳам шуд
Гуфта мешавад, ки ин аз ҳама ҳамлаи пурқурбонӣ ба журналистон дар таърихи Ийолоти Муттаиҳида буда, полис онро "ҳадафмандона" унвон кардааст. Capital Gazette қабл аз ин ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайғомҳои таҳдидомез мегирифт.
Яке аз кормандони Capital Gazette гуфт, ҳамлагар аз паси дари шишагӣ ба сӯи кормандони нашрия оташ кушод.
Дар ҳоли ҳозир, далели ҳамлаи ин марди 35- сола ба идораи нашрия мушаххас нест ва тафтишот низ идома дорад.