Қирғизистон санҷиши ширкатҳои тиҷоратиро то 2 сол манъ мекунад
Ба гуфтаи ӯ, нозир набояд камбудиҳои тоҷиронро барои ҷаримабандӣ ошкор кунад, балки ба онҳо барои бартараф кардани камбудӣ кӯмак расонад.
"Ба ин тартиб, соҳибкор ва нозири давлатӣ ҳавасманд мешаванд, ки ба камбудиҳо роҳ надиҳанд", - гуфт вазир.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ҳам гуфт, ҳукумат тасмим дорад, робитаи тиҷорат ва мақомоти давлатиро қатъ кунад.
Пештар аз ин Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дастур дода буд, ки санҷишҳои беасоси тиҷорат лағв шавад.