ВАО: Трамп ба Макрон пешниҳод карда буд, ки аз ИА хориҷ шавад
Манбаи нашрияи Washington Post мегӯяд, 24 апрел, ҳангоми мулоқоти ду раҳбар дар Кохи сафед, Трамп эҳтимоли берун рафтани Фаронса аз Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кард. Президент гӯё дар иваз ба Макрон созиши тиҷоратӣ бо шароити беҳтар аз Иттиҳоди Аврпуоро пешниҳод кардааст. Ин маълумотро манбаҳои CNN низ тасдиқ мекунанд.
Кохи сафед аз шарҳи ин хабар даст кашид, аммо ҳамзан онро такзиб ҳам накард.
Маҷаллаи Newsweek ёдовар мешавад, ки Фаронса ва Олмон нерӯи пешбаранади Иттиҳоди Аврупо номбар мешаванд. Президенти Фаронса борҳо ба ҳамоиш ва зарурати ислоҳот дар Иттиҳоди Аврпуо таъкид кардааст.