Толибон фармондеҳи нерӯҳои вежаи пулисро дар Кобул куштанд
Сухангӯи Вазорати дохилӣ Наҷиб Дониш рӯзи 29 июн гуфт, Корвон -фармондеҳи воҳиди Нерӯҳои Вежаи Пулис дар шарқи вилояти Пактико- даҳҳо амалиёти низомиро алайҳи Толибон анҷом дода буд. Азизуллоҳ Корвон дар ин авохир аз чанд талоши суиқасд ҷон ба саломат бурд.
Ӯ бо нерӯҳои вежаи ИМА дар Пактико ҳармкории наздик дошт - гуфт Нодир Катавазӣ, намояндаи порлумон аз ин вилоят. Ба гуфтаи Катавазӣ ҳалокати Корвон зарба ба мубориза алайҳи шӯришгарон дар шарқи Афғонистон аст.
Масъулияти ҳамларо Толибон тавассути сухангӯи худ Забеуллоҳ Муҷоҳид бар дӯш гирифт.