Ғарқ шудани ду сокини Душанбе дар канали Варзоб
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи ғарқ шудани ин ду ҷавон баъд аз зуҳри 28-уми июн рух дода, ҷасади онҳо субҳи имрӯз, пайдо гардид. Хонум Юсупова афзуд, ин ҷавонон, ки яке 24 ва дигаре 25 сол доштанд, дар макони мамнӯъ оббозӣ карданд.
Ду ҷавони ғарқшуда сокини маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и шаҳри Душанбе буда, дар назар аст имрӯз ҷасадашон ба хок супорида шавад.
Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар беш аз 100 нафар ғарқ шудаанд, ки нисфи онҳо афроди зери синни 15-сола будаанд.