Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макронро ба барпо кардани робитаҳои наздики тиҷоратӣ даъват кард. Макрон бо даъвати Путин дар форуми иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург иштирок мекунад. Рӯзи 24 май пеш аз мулоқоти сеюнимсоатааш бо Макрон Путин гуфт, ки равобити иқтисодии миёни ду кишвар “алорағми ҳама монеаҳо”-и баъди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо эҷодшуда ва ихтилоф дар масоили Украинаву Сурия хуб пеш мераванд. Вай гуфт, ки бо вуҷуди танишҳо, мизони тиҷорати байни Фаронсаву Русия дар соли гузашта 25 дар сад афзуда рӯ ба афзоиш аст.
Дар ҳоле, ки мулоқоти Путину Макрон бештар атрофи масоили Украинаву Сурия ва ҳифзи созиши ҳастаӣ бо Эрон тамаркуз дошт, имзои як созиши ҳангуфте, ки ба ширкати Тотал нақши боризро дар пружаҳои газии Арктикаи Русия эъто мекунад, ҷалби таваҷҷӯҳ кард. Раҳбари кулли ширкат Патрик Пуянне гуфт, ки пружае бо арзиши 25 миллиард доллар барои “истихроҷи захираҳои азими газ дар шимоли дури Русия ва ба хотири тақвияти бозори пешравандаи Осиё” равона шудааст. Қарор аст дар форуми иқтисодии Санкт-Петербург Макрон ҳам суханронӣ кунад.