Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Сафар Исҳоқов: барои боздошти ман асос вуҷуд надорад

Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов қабл аз бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, ки барои боздошти ӯ ҳеч асосе вуҷуд надорад. 


Исҳоқов, ки аз шарикони наздики президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аст, субҳи 14 май бори дигар барои бозпурсӣ ба КДАМ даъват шуд. Ӯ гуфт намедонед барои чӣ даъват шудааст.


"Вале як чизро мегӯям, ки Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон ва тими ӯ тоза, бидуни коррупсия кор карданд. Дар ин тим президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков низ буд. Мубориза бо фасодро Ҷеенбеков оғоз кардааст ва ӯ худ медонад, ки Отамбоев даст ба фасодкорӣ назадааст. Бинобар ин, фикр мекунам, ки ин ҳама натиҷаи хубе нахоҳад дошт. Ба назари ман, тафтишот бояд бидуни сиёсат анҷом шавад", - изҳор дошт Исҳоқов.


Сафар Исҳоқов бори нахуст рӯзи 26 апрел барои бозпурсӣ ба КДАМ-и Қирғизистон даъват шуд. Баъди ду соати бозпурсӣ ӯ ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар доираи тарҳи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек бозпурсӣ шуд. Исҳоқов афзуд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба ин марказ бояд санҷида шаванд.


Порлумони Қирғизистон 10 май хулосаи комисияи вакилони ин ниҳодро, ки барои омӯзиши сабабҳои садама дар Маркази гармидиҳии Бишкек ташкил шуда буд, баррасӣ кард. Дар хулоса омадааст, ки ба фаъолияти ҳудуди 30 мансабдор, аз ҷумла сарвазирони пешин Жанторо Сотиболдиев, Ҷоомарт Оторбоев, Темир Сариев ва Сафар Исҳоқов баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.


Хадамоти матбуотии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон 11 май изҳороти Сафар Исҳоқовро нашр кард, ки гуфтааст, "баррасии 10 май дар порлумон талоши бархе аз сиёсатмадорони алоҳида барои хок пошидан ба чашми мардуму пинҳон кардани айбдорони воқеӣ аст".

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus