Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дархост кард, ки Шӯрои Амнияти рӯзи панҷшанбеи 22-юми феврал барои баррасии вазъияти бӯҳронӣ дар Ғутаи шарқӣ воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Димишқ, нишаст баргузор намояд. Ҳамзамон дабири кулли СММ хостори поён додан ба "дӯзахи рӯи замин" дар ин минтақа шуд.