Нимашаби 22-юми феврал як ҳамлагар, пеш аз он ки худро дар беруни бинои сафорати ИМА дар Монтенегро мунфаҷир кунад, ба сӯи бино маводи тарканда партофт. Дар ин бора мақомоти ИМА ва Монтенегро хабар доданд.
Як мақоми Амрико гуфт, аз ин ҳамла, ки ба гуфтаи ҳукумати Монтенегро соати 12:30 рух дод, ҳеҷ кас дар сафорати ИМА дар Подгоритса осеб надид.
"Як нафар, дафъатан баъди партофтани маводи мунфаҷира ба бинои сафорати ИМА...бо истифода аз маводи тарканда худкушӣ кард",- гуфт ҳукумат дар Твиттер.
Маводе, ки ба суи бинои сафорат партоб шуд, "ба эҳтимоли зиёд" норинҷаки дастӣ буд, мегӯяд ҳукумати Монтенегро. Ба гуфтаи ҳукумат, пулис қазияро тафтиш дорад ва ҳуввияти ҳамлагар, ангезаи ҳамларо мушаххас мекунад.
Сафорати ИМА дар Подгоритса рӯзи 22 феврал хизматрасониро қатъ кард ва ба шаҳрвандони Амрико ҳушдор дод, ки то дастури баъдӣ худро аз сафорат канор бигиранд.