Русия талаб дорад, ки вазъи Ғутаи Шарқии Сурия рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шавад. Дар ин минтақаи Сурия, воқеъ дар канораҳои Димиқ , нирӯҳои ҷонибдори режими Башор Асад мавзеи шӯришгаронро бомбаборон мекунанд.
Намояндаи расмии Русия дар СММ Василий Небензия баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятро зарур шумурд ва гуфт, "бо назардошти нигарониҳое, ки имрӯз мо шунидем, тамоми ҷонибҳо бояд дидгоҳҳои худро ироа кунанд ва бо дарки вазъият роҳи бурунрафт аз ин ҳолатро бояд пайдо намоянд".
Ғарб, СММ ва созмонҳои башардӯстона аз ҳамлаҳои ҳавоии ҳукумати Сурия ва Русия ба мавзеи муҳосирашудаи шӯришгарон сахт нигаронанд. Гуруҳи назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, аз 18 феврал то ба ҳол дар Ғутаи Шарқӣ дасти кам 250 одам, аз ҷумла 58 кӯдак кушта ва 1 ҳазору 200 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ғутаи Шарқӣ яке аз минтақаҳои ба истилоҳ "амн" дар Сурия буда, дар он низоми оташбас ҷорӣ аст. Ин оташбас дар пайи созиши иштирокдорони гуфтугӯҳои сулҳи Сурия бо сарпарастии Русия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон эълон шуда буд.