Вазири илм ва маорифи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 5 феврал дар Душанбе гуфт, ки дар давоми 11 моҳи охир дар саросари кишвар беш аз 10 ҳазор волидон бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар муҷозот шуданд. Нуриддин Саид дар нишасти матбуотии солонаи вазорат гуфт, ки волидон барои ба дарс дер мондани фарзандон, барои худдорӣ аз ширкат дар ҷараёни дарс, латукӯби фарзанд ва дигар ҳолатҳо ҷаримабандӣ шудаанд.
Вазир гуфт, ки маблағи ҷарима беш аз 1 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар миёни дигар айбҳои волидони муҷозотшуда – ба муҳоҷирати корӣ ба Русия бурдани кӯдакон ҳам ном бурда шуд. Вазири маориф гуфт, ки бархе волидони муҳоҷир «кӯдакро бо худ моҳҳо ба Русия мебаранд ва баъдан ба мактаб бидуни ягон хуҷҷат меоранд”. Вазири маориф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар ин муддат бисёр фарзандони муҳоҷирон аз таҳсил дур мемонанд.