Рӯзи 4-уми феврал Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ки 15 варзишгари иловагии рус ва мураббиёни онҳоро ба бозиҳои олимпии Пхёнчан даъват намекунад. Ин 15 нафар дар байни 28 варзишгари рус ҳастанд, ки аз сӯи Додгоҳи байналмилалии варзишӣ бегуноҳ дониста шуданд.