Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро, ки беш аз як моҳ боз дор боздоштгоҳ қарор дорад, "оҷилан ва бидуни шартгузорӣ" озод кунанд.
"Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад", - омадааст дар изҳороти Афви Байналмилалӣ, ки рӯзи 25-уми январ пахш шуд.
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси "Азия Плюс" ва Deutsche Welle, солҳои ахир раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд, ки дар саҳнаи Русия ҳунарнамоӣ мекард.
Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи қазияи Мирсаидов:
Мушкили Мирсаидов дар ҳоле оғоз шуд, ки ӯ як мавриди ришваталабии мансабдореро ба хабарнигорон ошкор кард. Ӯ гуфта буд, ин мақомдор дар ивази иҷозаи пешбурди тарҳи КВН аз ӯ 1000 доллар талаб кард.
Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли гузашта барои сӯҳбат ба бинои Додситонии вилояти Суғд даъват шуд ва ӯро аз он ҷо ба боздошгоҳ интиқол доданд.
Мақомот ӯро рӯзи 8-уми декабр ба нақзи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, муттаҳам карданд.
Падари Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш тамоми иттиҳомотро рад менамояд.