Ҳукумати Олмон аз фурӯши тонкҳои навъи Леопард 2А4 ба Туркия даст кашид. Қаблан Анкара аз шариконаш дар НАТО хоҳиш карда буд, ки таслиҳоти кӯҳнаи артиши ин кишварро нав кунанд.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва Зигмунд Габриэл, вазири хориҷии ин кишвар рӯзи 25 январ қарор карданд, ки ба масъалаи ирсол тонкҳо ба Туркяи баъди таъсиси ҳукумати эътилофӣ бармегарданд.
Олмон аз кишваҳои умдаи тавлидкунандаи силоҳ буда, дар раддабандии фурӯш дар ҷаҳон ҷойи сеюмро дорад. Аммо масъалаи фурӯши силоҳ ба Туркия дар ҳоле барои Олмон ҳассос шуд, ки Анкара тонкҳои Леопард 2А4 -ро дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Сурия ба кор бурд.
Рӯзи 20 январ раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз оғози амалиёт дар Африн, мавқеии курдҳои Сурия, хабар дод. Анкара дастаҳои мусаллаҳи курдро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам мекунад. Ин дар ҳолест, ки бахше аз ин гурӯҳҳо дар мубориза бо ДИИШ бо ИМА ҳамкорӣ мекунанд. Президенти Амрико Доналд Трамп Эрдуғонро ҳушдор дод, ки амалиёти артиши ӯ дар Сури, метавонад ба задухурди байни нерӯҳои турк ва амрикоӣ анҷом шавад.