Мақомот дар маркази ноҳияи Балҷувон барои ҳифзи арчазор дасту остин барзадаанд. Дар майдони марказии ноҳия, ба гуфтаи мақомот, арчаҳое шинонда шудаанд, ки ба офтоби сӯзони Тоҷикистон тоб намеоранд, барои ҳамин бояд дар солҳои аввал дар ҳаққи онҳо дигаргуна ғамхорӣ кард.