Парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминиро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар аст. Худаш борҳо гуфтааст, ба ҳеч созмону гуруҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад.